Судяи суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Диловар Саидов дар бораи мусодираи 22 ҳазор доллари ИМА-и аз манзили адвокати боздоштшуда Шуҳрат Қудратов дарёфтшуда ба нафъи ҷабрдида аз таҷовуз ба номус Моҳира Бобораҷабова ҳалнома содир намуд. Айни замон ин маблағи пулӣ дар Агентии зиддифасод нигаҳдорӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Моҳира Бобораҷабова, ки гӯё соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст, моҳи апрели соли 2014 аз болои яке аз адвокатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов барои паст задани шаъну эътибораш ба додгоҳ шикоят бурда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб кард. Санаи 19-уми июн суд Қудратовро ба пардохти 200 ҳазор сомонӣ уҳдадор намуд.
Раҳматилло Зойиров, адвокати Ш.Қудратов дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи қонунгузорӣ, маблағҳои пулии таҳти ҳабси давлат қарордошта ба нафъи шахси сеюм мусодира шуда наметавонанд. «Мо имрӯз, 6-уми январ аз болои қарори мусодираи 22 ҳазор доллари ИМА-и аз манзили адвокати боздоштшуда Шуҳрат Қудратов дарёфтшуда ба нафъи Моҳира Бобораҷабова шикояти кассатсионӣ пешниҳод мекунем», – гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли 2014 суди ноҳияи Фирдавсӣ баҳси миёни Моҳира Бобораҷабова ва адвокат Шуҳрат Қудратовро ба нафъи аввалӣ ҳаллу фасл намуда, ахириро ба пардохти 200 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 40 ҳазор $) зиёни маънавӣ уҳдадор кард.
Ҳамчунин мебояд гуфт, ки Моҳира Бобораҷабова ва модари ӯ Гулнора Бобораҷабова собиқ вазири саноат ва соҳибкори маъруф Зайд Саидовро ба таҷовуз ба номус муттаҳам сохта, ин парванда дар Агентии зиддифасод мавриди тафтиш қарор гирифт. Моҳира Бобораҷабова аз рӯйи парвандаи Зайд Саидов дар суд ҳам баёнот дода буд.



