Мусодираи 22 ҳазор $-и адвокат Қудратов ба нафъи ҷабрдида аз таҷовуз ба номус

Судяи суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Диловар Саидов дар бораи мусодираи 22 ҳазор доллари ИМА-и аз манзили адвокати боздоштшуда Шуҳрат Қудратов дарёфтшуда ба нафъи ҷабрдида аз таҷовуз ба номус Моҳира Бобораҷабова ҳалнома содир намуд. Айни замон ин маблағи пулӣ дар Агентии зиддифасод нигаҳдорӣ мешавад. Ёдрас мекунем, ки Моҳира Бобораҷабова, ки гӯё  соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба […]

Мавзуна Абдуллоева



Судяи суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт Диловар Саидов дар бораи мусодираи 22 ҳазор доллари ИМА-и аз манзили адвокати боздоштшуда Шуҳрат Қудратов дарёфтшуда ба нафъи ҷабрдида аз таҷовуз ба номус Моҳира Бобораҷабова ҳалнома содир намуд. Айни замон ин маблағи пулӣ дар Агентии зиддифасод нигаҳдорӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Моҳира Бобораҷабова, ки гӯё  соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст, моҳи апрели соли 2014 аз болои яке аз адвокатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов барои паст задани шаъну эътибораш ба додгоҳ шикоят бурда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб кард. Санаи 19-уми июн суд Қудратовро ба пардохти 200 ҳазор сомонӣ уҳдадор намуд.

Раҳматилло Зойиров, адвокати Ш.Қудратов дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи қонунгузорӣ, маблағҳои пулии таҳти ҳабси давлат қарордошта ба нафъи шахси сеюм мусодира шуда наметавонанд. «Мо имрӯз, 6-уми январ аз болои қарори мусодираи 22 ҳазор доллари ИМА-и аз манзили адвокати боздоштшуда Шуҳрат Қудратов дарёфтшуда ба нафъи Моҳира Бобораҷабова шикояти кассатсионӣ пешниҳод мекунем», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли 2014 суди ноҳияи Фирдавсӣ баҳси миёни Моҳира Бобораҷабова ва адвокат Шуҳрат Қудратовро ба нафъи аввалӣ ҳаллу фасл намуда, ахириро ба пардохти 200 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 40 ҳазор $) зиёни маънавӣ уҳдадор кард.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки Моҳира Бобораҷабова ва модари ӯ Гулнора Бобораҷабова собиқ вазири саноат ва соҳибкори маъруф Зайд Саидовро ба таҷовуз ба номус муттаҳам сохта, ин парванда дар Агентии зиддифасод мавриди тафтиш қарор гирифт. Моҳира Бобораҷабова аз рӯйи парвандаи Зайд Саидов дар суд ҳам баёнот дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.