Сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Абдулло Қодирӣ иттилоъ дод, ки 22 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта аз Русия истирдод шуда буданд, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд.
Бино ба гуфти ӯ, имрӯз дар сохтмони иншооти стратегии муҳим барои кишвар – нерӯгоҳи Роғун кафшергарон, ронандагон, бетонрезон, хиштчинон ва дигар афроди соҳиби таҷрибаву касбу кори бинокорӣ заруранд.
«Тамоми шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар ин иншоот кор карданро доранд, метавонанд ба шуъбаи муҳоҷирати ҳукумати шаҳри Роғун муроҷиат кунанд», – иброз дошт Қодирӣ.



