Гурез Қосимзода: Дар Тоҷикистон мансабҳои давлатӣ хариду фурӯш намешаванд



Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ Гурез Қосимзода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2014 изҳор намуд, ки соли гузашта ба Агентии мазкур 400 муроҷиат ва 39 аризаҳои шаҳрвандон ворид гардидааст, ки ҳамагӣ ду шикояташ ба тағйироти кадрӣ дахл доштааст.

Бино ба гуфти ӯ, дигар муроҷиату шикоятҳо аз ҷониби кормандони хадамоти давлатӣ пешниҳод шудаанд, ки масъалаҳои таъмин бо нафақа ва аз як кор ба кори дигар гузаштанро дар бар мегирифтанд.

Ӯ ҳамчунин ба журналистон итминон дод, ки дар Тоҷикистон «мансабҳои давлатӣ хариду фурӯш намешаванд». «Хариду фурӯши мансабҳои давлатӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва ба мо доир ба ин масъала ҳеҷ як далелу муроҷиатҳо пешниҳод нашудаанд», – гуфт ӯ.

Муовини директори Агентӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли гузашта 1049 нафар хизматчиёни давлатӣ аз санҷиши мутобиқат ба мансаби ишғолкарда (аттестатсия) гузашта, қариб ҳамаи онҳо бо натиҷаи қаноатбахш дар мансабҳои худ боқӣ монданд.

Ғайр аз ин, Қосимзода зикр кард, ки соли 2014 ба ишғоли 3646 ҷойи корӣ дар хадамоти давлатӣ озмунҳо доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 2278 довталабон ба кор қабул карда шуданд, ки 193 нафарашон занон мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное