Прокурори Суғд оид ба тоҷикони ҳалокшуда дар ҷанги Сурия маълумот дод

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2014 прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода изҳор намуд, ки 35 нафар сокинони минтақаи шимоли кишвар ба иштироки ғайриқонунӣ дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар гумонбар дониста шуда, 18 тан аз онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, аз замони тасдиқи моддаи нави 401, дараҷаи 1-и […]

Мавлуда Рофиева



Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2014 прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода изҳор намуд, ки 35 нафар сокинони минтақаи шимоли кишвар ба иштироки ғайриқонунӣ дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар гумонбар дониста шуда, 18 тан аз онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ба гуфтаи ӯ, аз замони тасдиқи моддаи нави 401, дараҷаи 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони ҶТ ва шахсони бидуни шаҳрвандии доимо дар қаламрави ҶТ иқоматдошта ба иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳ, низоъҳои мусаллаҳона ё амалиёти низомӣ дар қаламрави кишварҳои дигар ва ҳамчунин иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони ҶТ дар воҳидҳои мусаллаҳ, низоъҳои мусаллаҳона ё амалиёти низомӣ дар қаламрави кишварҳои дигар) нисбати 35 нафар сокинони вилоят127 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки онҳо аслан ба иштирок дар дар даргириҳои низомӣ дар Сурия гумонбар дониста мешаванд.

«Дар бораи сокинони ҳалокшудаи вилоят дар ин даргириҳо низ маълумот мавҷуд аст, вале алҳол шумори дақиқи онҳоро гуфта наметавонам, зеро тафтишот ҷараён дошта, саҳеҳии ин маълумот санҷида мешавад», – иброз дошт прокурор.

Ба гуфтаи ӯ, 9 нафар аз ин афрод, ки ба мақомоти прокуратура омада, ба гуноҳи худ иқрор шуданду дар амалҳои онҳо аломатҳои ҷиноят ошкор нагардид, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.