Гумонбарии шаҳрванди Қирғизистон ба қатли як оила дар Исфара

Зимни нишасти хабарӣ прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода ба журналистон иттилоъ дод, ки дар қатли оилаи Халлоқовҳо аз ноҳияи Исфара шаҳрванди Қирғизистон гумонбар дониста мешавад. Ӯ зикр кард, ки ҷинояти куштори пурсарусадои оилаи Халлоқовҳо иборат аз 4 нафар ошкор гардида, дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди 28-солаи Қирғизистон Нурйигит Нуралиев гумонбар дониста шудааст. […]

Мавлуда Рофиева



Зимни нишасти хабарӣ прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонзода ба журналистон иттилоъ дод, ки дар қатли оилаи Халлоқовҳо аз ноҳияи Исфара шаҳрванди Қирғизистон гумонбар дониста мешавад.

Ӯ зикр кард, ки ҷинояти куштори пурсарусадои оилаи Халлоқовҳо иборат аз 4 нафар ошкор гардида, дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди 28-солаи Қирғизистон Нурйигит Нуралиев гумонбар дониста шудааст.

«Мо алҳол хулосаи ташхис аз Маскавро интизорем ва вақте ташхиси генетикӣ дастрас шуд, масъалаи ирсоли парванда ба Прокуратураи генералии Қирғизистон ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани ин шаҳрванд ҳаллу фасл мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми августи соли 2013 дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо истифода аз силоҳи оташфишон чор нафар – ҳама аъзои як оила ба қатл расонида шуданд. Дар бинои хоҷагии деҳқонии «Участок-5», ки бо вилояти Боткенди Қирғизистон ҳаммарз аст, посбони бинои хоҷагӣ Абдуқаҳҳор Халлоқов, ҳамсараш, духтараш ва наберааш кушта шуда буданд.

Ҳамчунин ошкор шудааст, ки Нурйигит Нуралиев санаи 5-уми сентябри соли 2013 ба содир намудани чунин ҷиноят дар қаламрави кишвари худ даст зада, оилаи Эралиевҳо иборат аз 6 нафарро ба қатл расонидааст ва аз ҷониби мақомоти интизомии Қирғизистон боздошт шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.