Баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ» дар парлумон

Ба рӯзномаи ҷаласаи нахусти иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ» ворид карда шудааст. Яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни нав, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки лоиҳаи қонун ҳанӯз се сол қабл аз ҷониби гурӯҳи вакилон бо назардошти […]

Аваз Юлдошев



Ба рӯзномаи ҷаласаи нахусти иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ» ворид карда шудааст.

Яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни нав, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки лоиҳаи қонун ҳанӯз се сол қабл аз ҷониби гурӯҳи вакилон бо назардошти таҷрибаи кишварҳое чун Русия ва Туркманистон таҳия гардида, то ин замон мавриди омӯзиши ҳукумат, вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносон қарор дошт.

«Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки лоиҳаи қонун асосан дастгирӣ шуд. Танҳо аз ҷониби ҳукумат баҳри такмили он беш аз 30 тағйироту илова пешниҳод шудааст», – гуфт вакил.

Ба қавли Талбаков, қабули қонуни мазкур ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки то ҳадди ақал вобастагии худ оид ба нафту газ аз кишварҳои хориҷиро коҳиш диҳад, «зеро аксар вақт ин масъала аз мушкилоти соф иқтисодӣ ба фишанги фишор нисбати кишвар табдил меёбад».

«Ғайр аз ин, қабули қонун ба ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ба бахши истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон, фароҳам сохтани даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими қурби арзи миллӣ мусоидат намуда, ба рушди иқтисодӣ миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад», – зикр кард Талбаков.

Аввали соли гузашта

иттилоъ дода будем,

ки як гурӯҳ вакилони парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ»-ро таҳия намуданд, ки барои танзими масоили иктишоф, ҳамлу нақл, истифода ва фурӯши он пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.