Паёми президент ба парлумон 23 январ ироа мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаи худ ба парлумонро санаи 23-юми январ ироа мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. «Сабаби асосии ба санаи дигар гузаронидани паёми президент ба парлумон аз моҳи апрели маъмулӣ ба моҳи январ дар он аст, ки шурӯъ аз соли 2014 соли молиявӣ дар Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаи худ ба парлумонро санаи 23-юми январ ироа мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

«Сабаби асосии ба санаи дигар гузаронидани паёми президент ба парлумон аз моҳи апрели маъмулӣ ба моҳи январ дар он аст, ки шурӯъ аз соли 2014 соли молиявӣ дар Тоҷикистон на чун пешина аз 1-уми апрел, балки аз 1-уми январ оғоз мегардад», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки дар паём ба ҳарду палатаи парлумон президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои соли ҷориро муайян мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.