Маркази исломӣ: Террористон муъминро аз ғайримуъмин фарқ намекунанд



Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба нашри навори видео бо даъвати ҳамватанон ҷиҳати барпо кардани ҷиҳод дар ватани худ ба шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиатнома интишор намуд, ки дар он гуфта мешавад, «имрӯзҳо раванду ҳаракатҳои зиёди ифротие арзи ҳастӣ кардаанд, ки дини Исломро барои анҷоми ғаразҳо ва манфиатҳои худ ҳамчун восита қарор додаву дар татбиқи ҳадафҳояшон аз қишри ҷавони аҳолии мамолики исломӣ истифода мебаранд ва боиси нигаронист, ки аз Тоҷикистон низ кам нестанд ашхосе, ки фирефтаи доми ин ҳалқаҳо шудаву дар кишварҳои Ироқу Сурия ва амсоли он ҳамчун “муҷоҳид” вориди сангарҳо гаштаанд».

«Аз ҷумла, тавре ки аз тариқи воситаҳои ахбори омма хабар дорем, ҳаракати худхондаи “Давлати исломӣ” ҷавонони зиёдеро аз кишварҳои мусулмоннишин ҷалб намуда, ба харобкориҳо ва куштори ҳазорон нафар одамон даст мезанад», – омадааст дар муроҷиатнома.

Зикр мегардад, ки чанде пеш аз тариқи сомонаҳои хабарӣ масъалаи “Дархости иҷозат барои “ҷиҳод” дар Тоҷикистон” интишор шуд, ки он мавриди вокуниши доираи васеи аҳолии мамлакат қарор гирифт ва ҷои таассуф ин аст, ки ин “дархост” аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро Абӯ Умариён хондааст, пешниҳод мегардад.

Ба нақли Радиои “Озодӣ” ҷавони тоҷик, ки ба иқрори худ аз Ироқ сӯҳбат мекунад, мегӯяд, аз Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари давлати худхондаи “Давлати исломӣ” иҷоза пурсидаанд, то барои ҷиҳод дар Тоҷикистон розӣ шавад.

«Дар кишваре, ки зиёда аз 99%-и онро мусулмонон ташкил медиҳанд, чӣ гуна “муҷоҳид”-е  (ва он ҳам ҳамватани мо) метавонад “ҷиҳод” бикунад? “Ҷиҳод” бо кӣ мекунанд?. Ин ҳақро ба онҳо кӣ додааст, ки нисбат ба як кишвари дорои беш аз ҳашт миллион мусулмон ҳукм намоянд?! Агар онҳо аз асли дин огоҳ мебуданд, ҳаргиз ин суханро намегуфтанд!», – таъкид мешавад дар муроҷиатнома.

Гуфта мешавад, «ин террористон муъминро аз ғайри муъмин фарқ намекунанд, зеро мутобиқи таълимоти дини мубини ислом ва аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ нишонаи муъмин он аст, ки бо забон калимаи шаҳодат ронад ва бо қалб онро тасдиқ намояд, яъне, “ҷиҳод”-и эшон дар Тоҷикистон фикри ҷоҳилона ва бемаъност».

«Пас, ин ифротиёни хоин бояд дар тафаккур ва андешаи худ ҷиҳод бикунанд! Дар ҳоле, ки ин гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” худ муҳимтарин аҳкоми шариати исломиро риоя намекунанд, чӣ гуна метавонанд аз боби ҷиҳод ҳарф бизанад?», – зикр мегардад дар муроҷиатнома.

spot_imgspot_img

Популярное