Таҳдиди муҷоҳидони Сурия ба журналистони тоҷик



Муҷоҳиди тоҷик Абӯ Холид Кӯлобӣ, ки дар сафҳои Давлати исломӣ меҷангад, ба сардабири ҳафтавори минтақавии «Пайк» таҳдид кардааст.

«Ҷонибдорони ӯ дар Кӯлоб ба мо чандин маротиба таҳдид карданд. Аммо бори нахуст ба ман мушаххасан таҳдид карда, ин шахс худро Нусратулло Назаров муррифӣ намуд ва изҳор дошт, ки дар Сурия бо лақаби Абӯ Холид Кӯлобӣ меҷангад ва ба Кӯлоб баргашта, дафтари кории моро оташ мезанад», – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» сардабири ҳафтавори «Пайк» Аҳмад Иброҳим.

Ба гуфтаи сардабири ҳафтавор, чун ин шахс – Абӯ Холид Кӯлобӣ аксар вақт тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мавод нашр мекунад, Аҳмад Иброҳим овози ӯро шинохтааст, аммо рақами телефони зангзадаи ӯ пайдо нашудааст. «Овози ӯро мо аксар вақт мешунавем ва нашинохтани он ғайриимкон аст. Ман аллакай ба мақомоти амният муроҷиат намуда, айни замон мо бо онҳо рӯйи ин масъала кор мекунем. Рақам ва макони хориҷ шудани занги телефонӣ ҳам, ки Сурия аст, аллакай муайян карда шуд. Ояндаи наздик мо сабти гуфтугӯро интишор мекунем», – қайд кард И.Аҳмад.

Қобили зикр аст, ки Нусратулло Назаров ё худ Абӯ Холид Кӯлобӣ чандин маротиба бо даъвати аҳолӣ ба оғози ҷанг дар Тоҷикистон тариқи навори видео суханронӣ намудааст. Хешону наздиконаш борҳо аз ӯ даъват карданд, ки ба ватан баргашта, ба таълиму тарбияи се нафар фарзандонаш, ки тарбияи кӯдакон ба дӯши ҳамсараш аст, машғул шавад.

spot_imgspot_img

Популярное