Таҳдиди муҷоҳидони Сурия ба журналистони тоҷик

Муҷоҳиди тоҷик Абӯ Холид Кӯлобӣ, ки дар сафҳои Давлати исломӣ меҷангад, ба сардабири ҳафтавори минтақавии «Пайк» таҳдид кардааст. «Ҷонибдорони ӯ дар Кӯлоб ба мо чандин маротиба таҳдид карданд. Аммо бори нахуст ба ман мушаххасан таҳдид карда, ин шахс худро Нусратулло Назаров муррифӣ намуд ва изҳор дошт, ки дар Сурия бо лақаби Абӯ Холид Кӯлобӣ меҷангад […]

ASIA-Plus



Муҷоҳиди тоҷик Абӯ Холид Кӯлобӣ, ки дар сафҳои Давлати исломӣ меҷангад, ба сардабири ҳафтавори минтақавии «Пайк» таҳдид кардааст.

«Ҷонибдорони ӯ дар Кӯлоб ба мо чандин маротиба таҳдид карданд. Аммо бори нахуст ба ман мушаххасан таҳдид карда, ин шахс худро Нусратулло Назаров муррифӣ намуд ва изҳор дошт, ки дар Сурия бо лақаби Абӯ Холид Кӯлобӣ меҷангад ва ба Кӯлоб баргашта, дафтари кории моро оташ мезанад», – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» сардабири ҳафтавори «Пайк» Аҳмад Иброҳим.

Ба гуфтаи сардабири ҳафтавор, чун ин шахс – Абӯ Холид Кӯлобӣ аксар вақт тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мавод нашр мекунад, Аҳмад Иброҳим овози ӯро шинохтааст, аммо рақами телефони зангзадаи ӯ пайдо нашудааст. «Овози ӯро мо аксар вақт мешунавем ва нашинохтани он ғайриимкон аст. Ман аллакай ба мақомоти амният муроҷиат намуда, айни замон мо бо онҳо рӯйи ин масъала кор мекунем. Рақам ва макони хориҷ шудани занги телефонӣ ҳам, ки Сурия аст, аллакай муайян карда шуд. Ояндаи наздик мо сабти гуфтугӯро интишор мекунем», – қайд кард И.Аҳмад.

Қобили зикр аст, ки Нусратулло Назаров ё худ Абӯ Холид Кӯлобӣ чандин маротиба бо даъвати аҳолӣ ба оғози ҷанг дар Тоҷикистон тариқи навори видео суханронӣ намудааст. Хешону наздиконаш борҳо аз ӯ даъват карданд, ки ба ватан баргашта, ба таълиму тарбияи се нафар фарзандонаш, ки тарбияи кӯдакон ба дӯши ҳамсараш аст, машғул шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.