Тоҷикистону Русия оинномаи маркази «Помир-Чақалтай»-ро то ҳол қабул накардаанд



Зимни нишасти хабарии имрӯза президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ изҳор намуд, ки оинномаи маркази таҳқиқотии «Помир-Чақалтай», воқеъ дар шарқи ҷумҳурӣ мавриди баррасиву омӯзиши сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Русия қарор дорад.

Ба гуфтаи вай, аз рӯйи чанде аз масъалаҳои истифодаи маркази мазкур миёни ҷонибҳо баъзе ихтилофҳо вуҷуд дошта, сарфи назар аз ин, айни замон мутахассисони ҳарду ҷониб дар иншоот корҳои муайянеро анҷом медиҳанд.

Президенти Академияи илмҳо хотиррасон намуд, ки санадҳои таъсиси Маркази таҳқиқоти илмии «Помир-Чақалтай» соли 2008 аз ҷониби Тоҷикисону Русия дар сатҳи сарони кишварҳо тасдиқ шуда буданд.

«Пойгоҳи «Помир-Чақалтай» дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ, дар баландии 4,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, пойгоҳи баландтарин дар ҷаҳон аст ва дар ҳолати кунуниаш аз соли 1970 амал мекунад», – таъкид дошт Ф.Раҳимӣ.

Олимони рус бар ин назаранд, ки шароитҳои атмосферӣ дар ин баландӣ барои анҷоми пажӯҳишҳо оид ба астофизика, астрономия ва мавҷҳои кайҳонӣ хеле нодиру муосид аст.

Тибқи баъзе маълумот, ба шартномаи зикршудаи дуҷонибаи Тоҷикистону Русия кишварҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистон, Беларус ва Лаҳистон низ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Тибқи мувофиқаи ҷонибҳо, ба марказ дигар кишварҳо ва пажӯҳишгоҳҳои онҳо низ шомил шуда метавонанд.

Коршиносони бахши физика зикр мекунанд, ки маркази кайҳоншиносии «Помир-Чақалтай»-ро дар як вақт метавон барои рушди якчанд самтҳои илм истифода кард. Масалан, бар асоси омӯзиши обуҳавои кайҳон ин ҷо метавон тағйирёбии иқлимро пешгӯи намуд. Барои озмоишҳои амалӣ дар соҳаи астробиология ва энергетикаи кайҳонӣ низ дар марказ имконот мавҷуд аст. Олимон ояндаи наздик дар кӯҳҳои Помир рӯйи кор омадани илми навро аз эҳтимол дур намедонанд.

spot_imgspot_img

Популярное