ҲИИТ такроран намояндаи худро аз Ҳисор номзад пешбарӣ кард

Бахши Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар ноҳияи Ҳисор имрӯз дар конфронси пешазинтихоботии худ вакили амалкунандаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, узви Кумитаи иқтисоду молияи парлумон Шарофиддин Сироҷовро такроран номзад ба вакилӣ дар парлумони оянда пешбарӣ намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲИИТ хабар дод, Ш.Сироҷов моҳи феврали соли 2010 маҳз аз ҳавзаи якмандатии […]



Бахши Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) дар ноҳияи Ҳисор имрӯз дар конфронси пешазинтихоботии худ вакили амалкунандаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, узви Кумитаи иқтисоду молияи парлумон Шарофиддин Сироҷовро такроран номзад ба вакилӣ дар парлумони оянда пешбарӣ намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲИИТ хабар дод, Ш.Сироҷов моҳи феврали соли 2010 маҳз аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҳисор номзад ба вакилӣ пешбарӣ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи мазкур номзадии раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Ҳисор Маҳмаднабӣ Бердиевро номзад ба вакилӣ пешбарӣ карда буд.

Як манбаъ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала иттилоъ дод, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 12-уми январ ҳизб номзади худро ба вакилӣ аз ин ҳавза муайян мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.