Прокуратураи Хатлон дар бораи ҳалокати тоҷикистонӣ дар даргириҳои Украина

Мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар бораи ҳалокати сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар амалиёти ҷангии Украина хабар дод. Сарёвари прокурори вилояти Хатлон Анвар Назарзода дар ин робита иттилоъ дод, ки тахминан моҳҳои сентябр-октябри соли 2014 ҷасади сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Муродалӣ Барфиев ба маркази маъмурии вилоят оварда шуд, ки зимни амалиёти ҷангӣ дар Украина ҳалок шудааст. «Қаблан дар […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар бораи ҳалокати сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар амалиёти ҷангии Украина хабар дод.

Сарёвари прокурори вилояти Хатлон Анвар Назарзода дар ин робита иттилоъ дод, ки тахминан моҳҳои сентябр-октябри соли 2014 ҷасади сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Муродалӣ Барфиев ба маркази маъмурии вилоят оварда шуд, ки зимни амалиёти ҷангӣ дар Украина ҳалок шудааст.

«Қаблан дар бораи ин шаҳрванд мо маълумот дар даст доштем, ки ӯ дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина иштирок дорад ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Дар робита ба фавти ӯ акнун парвандаи ҷиноӣ қатъ карда шуд», – иброз дошт вай.

Бино ба маълумоти сарёвари прокурори вилоят, айни замон 31 нафар сокини вилояти Хатлон дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ иштирок доранд.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки соли 2014 аз рӯйи далелҳои ифротгароӣ ва терроризм нисбати 59 нафар 43 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тибқи маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон, моҳи январи соли 2015 мутобиқи моддаи 401, дараҷаи 1 (ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти ҷангӣ дар хориҷӣ кишвар)-и Кодекси ҷиноии ҶТ 4 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.