Пешбарии генерали навбатӣ номзад ба вакилӣ дар парлумон

Дар конфронси муштараки бахшҳои ҲХДТ дар ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод ва Ховалинги вилояти Хатлон сардори Академияи ВКД Тоҷикистон, генерал-майори милиса, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Ҷӯрахон Маҷидзода номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод. Хотирррасон шуд, ки қаблан ҲХДТ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Қӯрғонтеппа сардори […]

Аваз Юлдошев



Дар конфронси муштараки бахшҳои ҲХДТ дар ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод ва Ховалинги вилояти Хатлон сардори Академияи ВКД Тоҷикистон, генерал-майори милиса, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Ҷӯрахон Маҷидзода номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод.

Хотирррасон шуд, ки қаблан ҲХДТ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Қӯрғонтеппа сардори Раёсати ВКД дар вилоят Хатлон,

генерал-майори милиса Анвар Тағоймуродовро

номзад ба вакилӣ пешбарӣ карда буд.

«Конфронси муштараки бахшҳои ҲХДТ дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритӯс ва Носири Хусрави вилояти Хатлон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Қубодиён Бадриддин Садриддиновро, ки дар даъвати кунунии Маҷлиси намояндагон ҳавзаи мазкурро намояндагӣ мекунад, такроран номзад ба вакилӣ пешбарӣ намуд», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.