Суғд: Афзоиши шумори ҷиноят миёни занон ва коҳиши ҳодисаҳои худкушӣ



Давоми соли 2014 дар вилояти Суғд аз ҷониби занон 565 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2013 92 ҷиноят зиёдтар аст.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд Мунавввара Дадабоева зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки занон асосан ба содир намудани ҷинояткориҳое, аз қабили авбошӣ, қаллобӣ, даллагӣ, дуздӣ, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ғоратгарӣ даст задаанд. «Мутаассифона, 6 далели одамкушӣ низ аз ҷониби занон ба қайд гирифта шудааст», – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, шумори ҷиноятҳои аз ҷониби занон содиршуда дар шаҳри Хуҷанду Истиқлол ва Исфара ва ҳамчунин ноҳияҳои Ашту Ғончӣ ва Спитамену Зафаробод афзудааст.

Дар робита ба мушкилоти змёд будани ҳодисаҳои худкушӣ дар қаламрави вилоят Дадабоева зикр кард, ки дар муқоиса бо соли 2013, соли равон шумори занони ба ин амал дастзада 3 нафар кам шудааст. «Соли гузашта дар қаламрави вилоят 125 нафар занон даст ба худкушӣ заданд», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное