Корҳои бозсозии нақби «Истиқлол» моҳи ноябр ба итмом мерасанд

– Анҷоми корҳои бозсозии нақби мошингарди «Истиқлол», ки қисмати марказии кишварро ба минтақаи шимол мепайвандад, моҳи ноябри соли равон дар назар аст, – иттилоъ дод ба журналистон зимни нишасти хабарӣ сардори Хадамоти давлатии назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сиҷоуддин Саломзода. Ба гуфтаи ӯ, нимаи дуюми соли гузашта ба корҳои […]

Пайрав Чоршанбиев



– Анҷоми корҳои бозсозии нақби мошингарди «Истиқлол», ки қисмати марказии кишварро ба минтақаи шимол мепайвандад, моҳи ноябри соли равон дар назар аст, – иттилоъ дод ба журналистон зимни нишасти хабарӣ сардори Хадамоти давлатии назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сиҷоуддин Саломзода.

Ба гуфтаи ӯ, нимаи дуюми соли гузашта ба корҳои бозсозии иншоооти мазкур суръат бахшида шуда, айни замон корҳо дар нақби заҳбурканӣ (дренажӣ)-и ҳавогузар идома доранд ва ҷараёни насби дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда дар нақби асосӣ дар арафаи анҷомёбист. «Мутассифона, дар баъзе ҷойҳо об то ҳол ҷорист, ҳарчанд имрӯз вазъи нақб хеле беҳтар аст», – гуфт ӯ.

Тобистони соли гузашта Саломзода аз вазъи нақб

нигаронӣ изҳор намуда буд.

«Ҳафтаи гузашта мо ин нақбро гузаштем. Ростӣ, вазъаш хеле ғамангез аст», – иброз дошта буд Саломзода ва эътироф намуд, ки «вақте дар бораи нақби «Истиқлол» мепурсанд, худро ноҳинҷор ҳис мекунам».

Ёдрас мекунем, ки соли 20003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ – қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, сохтмони он то ҳанӯз идома дорад.

Моҳи апрели соли ҷорӣ ширкати эронии «Собир» корҳои идомаи сохтмони нақбро пас аз гузаронидани миқдори дуюми маблағ дар ҳаҷми 1,9 млн. $ ба суратҳисоби махсуси маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» барқарор кард.

Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.