Ба Зайд Саидов рӯбарӯкунӣ бо раиси пойтахтро рад карданд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархости рӯбарӯкунии соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов бо раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси Кумитаи амволи давлатӣ Матлубхон Давлдатов ва муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саидовро рад кард. Исҳоқ Табаров, адвокати соҳибкор ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки Агентии зидддифасод раддияи худро бо он асоснок […]

Мавзуна Абдуллоева



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархости рӯбарӯкунии соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов бо раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси Кумитаи амволи давлатӣ Матлубхон Давлдатов ва муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саидовро рад кард.

Исҳоқ Табаров, адвокати соҳибкор ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки Агентии зидддифасод раддияи худро бо он асоснок намудааст, ки мансабдорони зикршуда ба тафтишоти қисмати иқтисодии парандаи ҷиноии Зайд Саидов ҳеҷ муносибате надоранд.

«Пас аз анҷоми тафтишот парванда айни замон мавриди баррасии прокуратура қарор дошта, баъди он ба Суди олӣ ирсол мегардад. Зерҳимояи ман то ҳол дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ қарор дорад», – иброз дошт адвокат.

Қобили зикр аст, ки моҳи декабри соли 2014 Зайд Саидов дар доираи парвандаи ҷиноӣ, ки дар он ӯ ба содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ муттаҳам карда мешавад, рӯбарӯкунӣ бо мансабдорони воломақоми дар боло зикршударо дархост карда буд.

Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.

Моҳи июл дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.

Ба парвандаи З.Саидов

 моддаҳои нави КҶ ҶТ

 – 340, қ. 2 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо), 314, қ. 2 (Суистифода аз мақоми хизматӣ), 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ), 362, қ. 3 (Ҳаракати ғайриқонунӣ нисбати молу мулке,  ки рўйхат шудааст, ё ба вай ҳабс гузошта шудааст, ё ин ки мусодира карда мешавад) ва 292, қ 2 (Саркашии шахси ҳуқуқӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо) илова шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.