БМТ бори дигар иртиботаш ба қаллобиҳои Бобаки Занҷониро рад кард

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) изҳороти Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи тоҷир ва сармоядори Эрон Бобак Занҷонӣ дар бораи дар Тоҷикистон додани пора дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА аз рӯи ин парвандаро рад мекунад. Дар маълумоти интишоршуда дар сомонаи БМТ дар ин робита зикр мегардад, ки дар мавриди қазияи сармоядори эронӣ Бобак Занҷонӣ, […]

Пайрав Чоршанбиев



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) изҳороти Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишоти парвандаи тоҷир ва сармоядори Эрон Бобак Занҷонӣ дар бораи дар Тоҷикистон додани пора дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА аз рӯи ин парвандаро рад мекунад.

Дар маълумоти интишоршуда дар сомонаи БМТ дар ин робита зикр мегардад, ки дар мавриди қазияи сармоядори эронӣ Бобак Занҷонӣ, маблағҳои гумшудаи он ва дар ин кор гӯё даст доштани ҷониби Тоҷикистон, ки тайи ду соли охир дар нашрияҳои дохилию хориҷӣ бо тобишҳо нав ба нав инъикос мегарданд, Бонки миллии Тоҷикистон қотеона ин даъвои беасосро рад менамояд.

«Таваҷҷуҳ ба порае аз мусоҳибаи Амир Аббос Султонӣ аз он дарак медиҳад, ки ин даъво тахайюлот ё пиндору фикри шахсии ӯ буда, асоси воқеӣ надорад», – омадааст дар маълумоти Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, қаблан низ дар мавриди ташрифи гурӯҳи махсуси Бонки марказии Эрон ба Тоҷикистон ва тасдиқи ин гурӯҳ оид ба иртибот надоштани БМТ ба ин қазия дар воситаҳои ахбори омма иттилою вокуниши иловагӣ пахш шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл як қатор ВАО бо такя ба гуфтаҳои Амир Аббос Султонӣ хабар доданд, ки замоне ӯ барои сохтакории ҳуҷчатҳо ҷиҳати интиқоли маблағҳои пулии Бобаки Занҷонӣ ба яке аз муовинони раиси БМТ 3 млн. доллари ИМА маблағ пардохт кардааст.

Қобили зикр аст, ки Бобаки Занҷонӣ 30-юми декабри соли 2013 дар Эрон боздошт шуд. Ҳукуматдорони Эрон ӯро ба азхудкунии 2 млрд. 600 млн. еврои мутааллиқ ба Вазорати нафти Эрон мутттаҳам медонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.