Мусодираи 130 тонна маҳсулоти гӯштии муҳлаташ гузашта

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1,1 ҳазор тонна маҳсулоти пастсифат ва истеъмолаш хатарнок барои саломатӣ мусодира карда шуд. Зимни нишасти хабарии имрӯза директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукузода ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки қисмате аз маҳсулоти мусодирашуда барои коркарди минбаъда равона гардида, қисмати дигараш нобуд шуд ва нисбати воридкунандагон ё истеҳсолкунандагони чунин […]

Пайрав Чоршанбиев



Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1,1 ҳазор тонна маҳсулоти пастсифат ва истеъмолаш хатарнок барои саломатӣ мусодира карда шуд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукузода ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки қисмате аз маҳсулоти мусодирашуда барои коркарди минбаъда равона гардида, қисмати дигараш нобуд шуд ва нисбати воридкунандагон ё истеҳсолкунандагони чунин маҳсулот чораҳои дахлдори маъмурӣ андешида шуданд.

«Аз ҷумла, соли 2014 кормандони «Тоҷикстандарт» ҳудуди 130 тонна маҳсулоти гӯштӣ, қариб 155 тонна равғани растанӣ, тақрибан 10 тонна маснӯоти макаронӣ, беш аз 320 тонна орд, наздики 15 ҳазор дал нӯшокиҳои машруботӣ, қариб 28 ҳазор дал нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, 7,7 тонна маснӯоти қаннодӣ 2 тонна маҳсулоти ширӣ, 17,3 тонна консерваҳо ва ҳамчунин 136 тонна сабзавоту меваҳои истеҳсоли ватанӣ ва хориҷиро, ки ба меъёрҳо ҷавобгӯ набуданд, мусодира карданд», – гуфт номбурда.

Шукурзода ҳамчунин зикр кард, ки маҳсулоти пастсифат ва хатарнок барои саломатии мардумро аз хориҷа асосан шаҳрвандони Тоҷикистон ворид мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.