Соҳибкорони Кӯлобро «Тоҷикстандарт» беш аз 33 ҳазор сомонӣ ҷарима кард



Соли гузашта кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 102 нафар соҳибкоронро дар маҷмӯъ ба маблағи 33 ҳазору 760 сомонӣ ҷарима карданд.

Мудири шуъбаи «Тоҷикстандарт» дар минтақаи Кӯлоб Ҳабибулло Сафаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аксари соҳибкорони ҷаримашуда гирифтани сертификат барои фаъолият ва иҷрои ин ё он дастуру таъинот оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда зимни санҷишро сарфи назар намудаанд. «Баъзан маблағи ҷарима аз дастрас кардани сертификат чандин мартиба зиёдтар аст ва гузашта аз ин, баъди ҷарима низ мебояд сетификат гирифт», – иброз дошт вай.

Сафаров қайд кард, ки давоми сол дар ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ 17,5 тонна намаки ошии йодношуда мусодира ва ба коркарди минбаъда фиристода шудааст. «Ҳамчунин 227 кило биринҷ, 124 кило макарон, 193 кило маснӯоти қаннодӣ ва дигар маҳсулоте, ки ба меъёрҳо ҷавобгӯ набуданд, аз фурӯш гирифта шуданд», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное