Аз нисф зиёди нафақахӯрон бо кортҳои бонкӣ нафақа мегиранд

Шумори нафақахӯрони Тоҷикистон, ки тариқи кортҳои бонкӣ нафақа мегиранд, ба аввали соли равон 370 ҳазор нафарро ташкил дод. Раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон бо нафақа таъмин намудани аҳолӣ тариқи кортҳои бонкӣ дар 32 шаҳру навоҳии кишвар ба роҳ монда шудааст. Нурмаҳмадзода қайд […]

ASIA-Plus



Шумори нафақахӯрони Тоҷикистон, ки тариқи кортҳои бонкӣ нафақа мегиранд, ба аввали соли равон 370 ҳазор нафарро ташкил дод.

Раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон бо нафақа таъмин намудани аҳолӣ тариқи кортҳои бонкӣ дар 32 шаҳру навоҳии кишвар ба роҳ монда шудааст.

Нурмаҳмадзода қайд кард, ки айни замон корҳои роҳандозии чунин низоми додани нафақа дар 8 шаҳру навоҳии кишвар, ки дар онҳо беш аз 100 ҳазор нафар нафақахӯрон зиндагӣ мекунанд, идома доранд. «Дар саросари кишвар дар маҷмӯъ ҳудуди 600 ҳазор нафақахӯрон зиндагӣ мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон тавассути кортҳои бонкӣ «Амонатбонк» ба зиёда аз 623 ҳазор мизоҷон хизматгузорӣ мекунад. «Таъмини нафақахӯрон ва кормандони ташкилотҳои буҷетӣ бо кортҳои бонкӣ ройгон сурат мегирад», – гуфт раиси бонк.

Номбурда илова кард, ки феълан дар қаламрави кишвар 141 адад банкоматҳо ва 557 адад пост-терминалҳои «Амонатбонк» ба аҳолӣ хизматгузорӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.