Ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик бар ин назаранд, ки дар амалҳои Шуҳрат Қудратов аломатҳои ҷиноят ҷой надошт.
Раҳматилло Зойиров, адвокати Шуҳрат Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зерҳимояаш бо дифоъ аз манфиатҳои Зайд Саидов ва дигар шахсон, ки тафтишоти парвандаи онҳо ба дӯши Агентии зиддифасод вогузор шуда буд, ба ин мақомот халал мерасонд, «вагарна Шуҳрат Қудратов ба озодӣ мебаромад».
«Мо дархости ҷабрдидаро дар бораи барқарор шудани зиёни ба ӯ расида ва дигар ҳеҷ даъвое надоштан нисбати Шуҳрат Қудратов ба суд пешниҳод кардем. Ман чунин мешуморам, ки судя ба таъини ҷазо мутобиқи моддаи 248 (Қаллобӣ) ҳеҷ ҳуқуқе надошт, вале тибқи он ҷазои 8 соли зиндон таъин кард. Дар робита ба моддаи 320 (Додани пора) бошад, чунин амал мавҷуд нест, зеро Шуҳрат ба касе пора надодааст ва худи судя ҳам эътироф намуд, ки Қудратов ба ӯ пора пешниҳод накардааст», – гуфт Зойиров.
Ба гуфтаи вай, ин қарори судӣ ғайриқонунӣ аст. «Агар дар амалҳои зерҳимояи ман аломатҳои ҷиноят вуҷуд медошт, ҷазои 9 соли зиндонро таъин кардан имкон дошт, аммо аз нигоҳи ҳуқуқии дар доираи қонун иҷозашуда дар ҳукми содиршуда аломатҳои ҷиноят ҷой надорад, аз ин рӯ, ҳалномаи суд возеҳан ғайриқонунӣ аст», – зикр кард Зойиров.
«Ҳокимияти иҷроия, дар ҳолати мазкур Агентии зиддифасод дар таъмини адолати судӣ нақши гӯшношунид бозид. Дар ин ҳолат дар бораи мустақилияти суд наметавон ҳарф зад, чунки суд аз чаҳорчӯби мақомоти тафтишоти пешакӣ берун рафта натавонист. Ин мутлақо қарори ғайриқонунӣ аст, ки адолати судиро инкор мекунад», – бори дигар такрор кард адвокати Ш.Қудратов.
Раҳматилло Зойиров ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар бораи пешниҳоди нусхаи ҳукм дархост кардааст, то ки дар муддати як ҳафта шикояти кассатсионӣ пешниҳод намояд.
Ба гуфтаи адвокат Файзинисо Воҳидова, дар ҳолати мазкур (парвандаи Шуҳрат Қудратов) субъектҳо нисбати Шуҳрат Қудратов даъво надоштанд ва дар ин робита ӯ чунин мешуморад, ки «қарор нисбати Қудратов қонуншикании гӯшношунид аст».
Ӯ бар ин назар аст, ки ин парванда ба фаъолияти сиёсии Қудратов марбут аст. «Ман умедворам, ки Суди олӣ шояд ба ин қазия баҳои ҳуқуқӣ диҳад ва бо истифода аз қонуни афв ӯро озод намоянд. Ҳарчанд имрӯз ба мо маълум аст, ки дар робита ба парвандаи Зайд Саидов Суди олӣ низ бо Қудратов дар мухолифат қарор дошт, зеро ӯ ҳамеша аз қонуншикании Суди олӣ ҳарф мезад. Ман чунин мешуморам, ки ин на адолати судӣ, балки як қонуншикании пурҳангомаест», – изҳор дошт Ф.Воҳидова.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми январ суди шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро ба
9 соли зиндони низомаш шадид
маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ низ манъ карда шуд.



