С.Аслов намояндаи Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт

Санаи 13 январи соли 2015 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла вобаста ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, ҳамзамон дар мулоқот […]

ASIA-Plus



Санаи 13 январи соли 2015 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла вобаста ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон дар мулоқот мубодилаи судманди афкор оид ба татбиқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва талошҳои минбаъда ба мақсади дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон қабул гардидааст, сурат гирифт.

«Дар доираи татбиқи Қатънома баргузории ду чорабинии сатҳи баланд, Муколамаи сатҳи баланд дар Маҷмаи Умумии СММ моҳи марти соли 2015 дар ш. Ню-Йорк ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар моҳи июни соли 2015 дар ш. Душанбе мавриди муҳокима қарор гардид», – зикр мегардад дар хабари Вазорат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.