Соли 2014 ба Тоҷикистон ҳудуди 580 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд

Соли 2014 ба Тоҷикистон ба маблағи 508 млн. доллари ИМА ҳудуди 580 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд. Муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Нуриддин Маҳмадов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин давра ба ҷумҳурӣ беш аз 246 ҳазор тонна бензин, ҳудуди 245 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 60,5 ҳазор […]

Пайрав Чоршанбиев



Соли 2014 ба Тоҷикистон ба маблағи 508 млн. доллари ИМА ҳудуди 580 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд.

Муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Нуриддин Маҳмадов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин давра ба ҷумҳурӣ беш аз 246 ҳазор тонна бензин, ҳудуди 245 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 60,5 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, наздики 16 ҳазор тонна мазут ва дигар маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст.

Маҳмадов таъкид дошт, ки дар муқоиса бо соли 2013 дар соли 2014 ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷм 218 ҳазор тонна ва аз рӯи арзиш 219 млн. доллари ИМА афзудааст.

Зимнан зикр гардид, ки маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия ворид карда мешавад, ки ба ҳиссаи ин кишвар қариб 90% аз ҳаҷми умумии маводи сӯхти воридшуда рост меояд. Ҳамчунин соли гузашта ба Тоҷикистон аз Қазоқистон (8,4%), Туркманистон (2,8%) ва дигар кишварҳо низ маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2013 ба Тоҷикистон ба маблағи 379 млн. доллари ИМА ҳамагӣ наздики 362 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида буд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.