Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба гумони куштори рӯҳонӣ

Муфаттишони Кумитаи тафтишоти ноҳияи Канавинои вилояти Нижний Новгороди Русия шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар куштори рӯҳонии ибодатгоҳи воқеъ дар ноҳияи Маскави Нижний Новгород боздошт намудаанд. Бино ба иттилои хабаргузории « НТА-Приволжье » ҳодисаи куштори рӯҳонӣ рӯзи 3-юми январ дар манзили ӯ дар кӯчаи Чкалови ноҳияи Канавино, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон ин манзилро […]

ASIA-Plus



Муфаттишони Кумитаи тафтишоти ноҳияи Канавинои вилояти Нижний Новгороди Русия шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар куштори рӯҳонии ибодатгоҳи воқеъ дар ноҳияи Маскави Нижний Новгород боздошт намудаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «

НТА-Приволжье

» ҳодисаи куштори рӯҳонӣ рӯзи 3-юми январ дар манзили ӯ дар кӯчаи Чкалови ноҳияи Канавино, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон ин манзилро иҷора доданӣ будааст, рух дода, тибқи фарзияи тафтишот, зимни гуфтушунид гумонбаршуда ба сари рӯҳонӣ бо як чизи сахт зарба задааст, ки дар натиҷа рӯҳонӣ Анатолий Мешков ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, пас аз қатли рӯҳонӣ шаҳрванди Тоҷикистон аз манзили ӯ маблағи пулӣ, телефони ҳамроҳ ва чизҳои шахсии соҳибманзилро бо худ бурда, ҷасади рӯҳонӣ рӯзи дигари пас аз ҳодиса дарёфт шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 105-и КҶ Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида,, гумонбаршуда, шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва бозпурсӣ шудааст. Боздоштшуда дар ҳабс қарор дошта, тафтишот аз рӯйи ин далел идома дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.