Тоҷикистон натиҷаҳои имконпазири узвият ба ИИАО-ро таҳлил мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо гурӯҳи кориеро таъсис додааст, ки масъалаҳои марбут ба эҳтимоли узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро меомӯзад. Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки «ин масъалаест, ки таҳлили ҳамаҷонибаро тақозо мекунад». Ба гуфтаи Раҳматов, […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳукумати Тоҷикистон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо гурӯҳи кориеро таъсис додааст, ки масъалаҳои марбут ба эҳтимоли узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро меомӯзад.

Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки «ин масъалаест, ки таҳлили ҳамаҷонибаро тақозо мекунад».

Ба гуфтаи Раҳматов, танҳо баъди омӯзиши дақиқу муфассали ин масъала аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ, метавон дар бораи кадом як қарори мушаххасе ҳарф зад.

Ӯ бар ин назар аст, ки қабл аз шомил гардидан ба иттиҳоде, Тоҷикистон бояд ҳамаи натиҷаҳои имконпазири мусбат ва манфӣ аз ин ҳамроҳшавиро ба инобат бигирад.

Ёдрас мекунем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз 1-уми январи соли равон дар заминаи Иттиҳоди гумрукии Русияву Қазоқистон ва Белорус ба фаъолият шурӯъ кард. Айни замон Русия, Белорус, Қазоқистон ва Арманистон аъзои Иттиҳод мебошанд. Ҳамчунин созишномаи узвияти Қирғизистон ба ин Иттиҳод низ ба имзо расид, ки аз моҳи майи соли ҷорӣ мавриди амал қарор мегирад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.