Шаҳрдории Душанбе ба изҳороти раиси Кумитаи телевизиону радио посух дод

– Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳамеша ҷонибдори воқеиятнигорӣ ва эроду танқидҳои созанда, ки беғараз, дар заминаи касбият бо таҳлилҳои амиқу бозгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидаанд, ҳаст ва хоҳад монд,  аммо дар дигар ҳолат, табиатан, ҳарзагӯиҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, – гуфта мешавад дар посухи шаҳрдории пойтахт дар робита ба изҳороти раиси Кумитаи телевизиону радиои […]

ASIA-Plus



– Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳамеша ҷонибдори воқеиятнигорӣ ва эроду танқидҳои созанда, ки беғараз, дар заминаи касбият бо таҳлилҳои амиқу бозгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидаанд, ҳаст ва хоҳад монд,  аммо дар дигар ҳолат, табиатан, ҳарзагӯиҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, – гуфта мешавад

дар посухи шаҳрдории пойтахт

дар робита ба изҳороти раиси Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмонов.

Дар посух зикр мегардад, ки шаҳрдорӣ дилхоҳ баҳсро, ки аз доираи тафоҳум берун аст, дар қазовати мақомоти судӣ мегузорад ва «оне, ки раиси Кумитаи телевизион ва радио афзудааст: «беғаразии моро мурофиаҳои додгоҳӣ низ бо шаҳрдории Душанбе собит кард»,  хандаовар аст».

«Аҳли ҷомеа огаҳанд, ки тибқи ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансур аз 23 июли соли 2012 Кумитаи телевизион ва радио ва Шабакаи якуми  телевизиони  Тоҷикистон уҳдадор карда шуданд, ки «ҷиҳати аз байн бурдани вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳо вобаста ба барқарор кардани шаъну шараф ва эътибори корӣ расман тавассути барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми телевизион оиди гузориши нодурусти мухбир Абдулваҳҳоби Абдусаттор дар муҳлати на дертар аз як моҳи баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд раддия изҳор намуда, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе узр пурсад. То имрӯз эътирозҳои Кумита оид ба ин масъаларо зинаҳои дигари судӣ дастгирӣ накарданд ва Кумита то ҳол қарори судро иҷро накарда, узр напурсидааст», – омадааст дар посухи мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Ёдрас мекунем, ки чад рӯз қабл раиси Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмон дар робита ба пахши барномаҳо дар телевизион оид ба мушкилоти роҳҳои мошингард дар пойтахт

изҳор намуда буд,

ки ин далели бадномкунии фаъолияти мақомоти шаҳрдорӣ ва раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев набуда, ҳадаф танҳо ишора крадан ба камбудиҳо дар пойтахти кишвар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.