Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор кард, ки соли 2014 дар саросари кишвар 19352 (соли 2013 – 18336) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 17498-тоаш ошкор ва сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 87,7% (соли 2013 – 86,7%)-ро ташкил додааст.
Бино ба махлумоти вазир, соли гузашта дар натиҷаи баргузории амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва махсуси кормандони милиса 116 нафар аъзои созмону ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгаро боздошт шудаанд, ки аз ҷониби онҳо 338 ҷинояти вазнин содир шудааст.
«Соли ҷорӣ кормандони мақомоти умури дохилӣ аз 5 амали террористӣ ҷилавгирӣ намуда, 1 ҷинояти марбут ба терроризмро ошкор намуданд», – таъкид дошт Раҳимзода.



