Истеъфои ду генерали милисаи тоҷик дар рӯзҳои наздик

Давоми ду рӯзи оянда ду генерал-майори милисаи тоҷик – сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов ва сардори Академияи ВКД Тоҷикистон Ҷӯрахон Маҷидзода, ки аз ҷониби ҲХДТ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Қӯрғонтеппа ва Муъминобод номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуданд, мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, аз мансабашон истеъфо медиҳанд. Вазири корҳои дохилии […]

Аваз Юлдошев



Давоми ду рӯзи оянда ду генерал-майори милисаи тоҷик – сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов ва сардори Академияи ВКД Тоҷикистон Ҷӯрахон Маҷидзода, ки аз ҷониби ҲХДТ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Қӯрғонтеппа ва Муъминобод номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуданд, мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, аз мансабашон истеъфо медиҳанд.

Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода имрӯз ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки сардори факултаи Академияи ВКД Тоҷикистон, полковники милиса Равшан Раҷабов низ бояд аз вазифааш ба истеъфо равад, зеро ӯ ҳам аз ҷониби ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии Конибодом номзад ба вакилӣ пешбарӣ шудааст.

Тибқи маълумоти расида ба «Азия-Плюс», дар ҳавзаи интихоботии Конибодом бо полковник Равшан Раҷабов барои курсии парлумон муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов рақобат хоҳад кард.

Бино ба иттилои сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ, ҲХДТ маъракаи пешбарии номзадҳ ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумонро ба итмом расонида, тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 27 нафар ва дар тамоми 41ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ номзадҳои худро пешбарӣ кард. Шумори умумии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон 68 нафарро ташкил дод, ки 8 нафарашон ғайриҳизбӣ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки палатаи поёнии парлумон аз 63 курсии вакилӣ иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.