Қариб 2 млн. сомонӣ ҷаримабандӣ тибқи қонуни танзими расму оин

Соли 2014 Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон 567 ҳолати риоя нашудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ошкор намуд. Сухангӯи кумита оид ба корҳои дин Афшини Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки афроди муқаррароти ин қонунро риоянакарда соли гузашта дар […]

Мавзуна Абдуллоева



Соли 2014 Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон 567 ҳолати риоя нашудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ошкор намуд.

Сухангӯи кумита оид ба корҳои дин Афшини Муқим ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки афроди муқаррароти ин қонунро риоянакарда соли гузашта дар маҷмӯъ ба маблағи 1 млн. 939 ҳазору 920 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра дар вилояти Хатлон 161 ҳолат, Суғд – 209 ҳолат, ВМКБ – 12 ва навоҳии тобеи марказ – 104 ҳолати риоя нашудани қонуни мазкур сабт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2014 Кумита боз 61 ҳолатҳои дигари қонуншиканиҳоро ошкор кардааст, ки тибқи он масъулияти маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.