Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор дошт, ки аз замони боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов ин қазияро пайгирӣ дорад, вале ба андшеаи ӯ, «ҳаллу фасли ин қазия комилан дар салоҳияти суд аст».
Имрӯз зимни нишасти хабарӣ Омбудсмен ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон Суди олӣ шикояти таҷдиди назари Раҳматилло Зойиров, адвокати маҳкумшуда Шуҳрат Қудартовро мавриди баррасӣ қарор додааст. «Мо ҳам бетараф буда наметавонем ва ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ваҷҳу далелҳои дар шикоят овардашудаи Зойиров аз ҷониби суд ҳамаҷониба мавриди барррасӣ қарор гиранд», – қайд кард Ализода.
Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки Суди олӣ зимни баррасии шикояти кассатсионӣ қарори мунсифона содир мекунад.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон суди шаҳри Душанбе адвокат Шуҳрат Қудратовро ба
9 соли зиндони низомаш шадид
маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ манъ карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Пажуҳишгоҳи ҳуқуқи инсони Ассотсиатсияи байнулмилалии ҳуқуқшиносон
(IBAHRI)
дар робита ба ҳукми содиршуда нисбати адвокати тоҷик Шуҳрат Қудратов нигаронӣ изҳор намуд.



