Омбудсмен қазияи адвокат Шуҳрат Қудратовро пайгирӣ дорад

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор дошт, ки аз замони боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов ин қазияро пайгирӣ дорад, вале ба андшеаи ӯ, «ҳаллу фасли ин қазия комилан дар салоҳияти суд аст». Имрӯз зимни нишасти хабарӣ Омбудсмен ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон Суди олӣ шикояти таҷдиди назари […]

Мавзуна Абдуллоева



Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода изҳор дошт, ки аз замони боздошти адвокат Шуҳрат Қудратов ин қазияро пайгирӣ дорад, вале ба андшеаи ӯ, «ҳаллу фасли ин қазия комилан дар салоҳияти суд аст».

Имрӯз зимни нишасти хабарӣ Омбудсмен ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон Суди олӣ шикояти таҷдиди назари Раҳматилло Зойиров, адвокати маҳкумшуда Шуҳрат Қудартовро мавриди баррасӣ қарор додааст. «Мо ҳам бетараф буда наметавонем ва ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ваҷҳу далелҳои дар шикоят овардашудаи Зойиров аз ҷониби суд ҳамаҷониба мавриди барррасӣ қарор гиранд», – қайд кард Ализода.

Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки Суди олӣ зимни баррасии шикояти кассатсионӣ қарори мунсифона содир мекунад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон суди шаҳри Душанбе адвокат Шуҳрат Қудратовро ба

9 соли зиндони низомаш шадид

маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ манъ карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Пажуҳишгоҳи ҳуқуқи инсони Ассотсиатсияи байнулмилалии ҳуқуқшиносон

(IBAHRI)

дар робита ба ҳукми содиршуда нисбати адвокати тоҷик  Шуҳрат Қудратов нигаронӣ изҳор намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.