Прокурори генералии нави Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки нисбати 85 нафар шаҳрвандони кишвар, ки дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок доранд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
Прокурори генералии кишвар изҳор намуд, ки бо дастури ӯ оид ба ошкор сохтани омилҳо ва афроди дастдошта дар моилсозиву сафарбаркунии тоҷикон ба ҷанги Сурия ситод ташкил мешавад. Аз шарҳи дигар ҷузъиёти ин масъала ӯ худдорӣ варзид.
Қобили зикр аст, ки санаи 24-уми январ бо фармони президенти Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов прокурори генералии Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар ин мансаб Шерхон Салимзодаро иваз кард, ки аз 30 январи соли 2010 ин вазифаро ишғол мекард.
То таъин шудан ба мансаби прокурори генералӣ Юсуф Раҳмонов ба ҳайси муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон (аз моҳи декабри соли 2014) ифои вазифа мекард.
Нимаи моҳи январи соли равон зимни ншасти хабарӣ вазири корҳои дохмилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода
ба журналистон иттилоъ дод,
ки тибқи маълумоти ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар даргириҳои Сурияву Ироқ ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд.
Қаблан яке аз иштирокдорони даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия, ки дар сафи нерӯҳои «Давлати исломӣ» меҷангад, изҳор намуд, ки шумори тоҷикон дар Давлати исломии Ироқу Шом аз
2 ҳазор нафар зиёд
аст.



