Прокурори генералӣ омилҳои ба ҷанги Сурия рафтани тоҷиконро ошкор карданист

Прокурори генералии нави Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки нисбати 85 нафар шаҳрвандони кишвар, ки дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок доранд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Прокурори генералии кишвар изҳор намуд, ки бо дастури ӯ оид ба ошкор сохтани омилҳо ва афроди дастдошта дар моилсозиву сафарбаркунии тоҷикон ба ҷанги Сурия ситод […]

ASIA-Plus



Прокурори генералии нави Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки нисбати 85 нафар шаҳрвандони кишвар, ки дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок доранд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Прокурори генералии кишвар изҳор намуд, ки бо дастури ӯ оид ба ошкор сохтани омилҳо ва афроди дастдошта дар моилсозиву сафарбаркунии тоҷикон ба ҷанги Сурия ситод ташкил мешавад. Аз шарҳи дигар ҷузъиёти ин масъала ӯ худдорӣ варзид.

Қобили зикр аст, ки санаи 24-уми январ бо фармони президенти Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов прокурори генералии Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар ин мансаб Шерхон Салимзодаро иваз кард, ки аз 30 январи соли 2010 ин вазифаро ишғол мекард.

То таъин шудан ба мансаби прокурори генералӣ Юсуф Раҳмонов ба ҳайси муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон (аз моҳи декабри соли 2014) ифои вазифа мекард.

Нимаи моҳи январи соли равон зимни ншасти хабарӣ вазири корҳои дохмилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 

ба журналистон иттилоъ дод,

 ки тибқи маълумоти ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар даргириҳои Сурияву Ироқ ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд. 

Қаблан яке аз иштирокдорони даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия, ки дар сафи нерӯҳои «Давлати исломӣ» меҷангад, изҳор намуд, ки шумори тоҷикон дар Давлати исломии Ироқу Шом аз

2 ҳазор нафар зиёд

аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.