Сарбози Вазорати мудофиа бо захми тир бистарӣ шуд



Наҷмиддин Қаюмов, ки тирамоҳи соли гузашта аз шаҳри Хуҷанд ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда буд, бо захми тир бистарӣ гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод, сарбози қисми низомии воқеъ дар паҳлӯи бинои Вазорати мудофиа рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда нахуст дар госпитали ҳарбии пойтахт ва сипас дар Маркази миллии тиббӣ бо захми тир дар сараш бистарӣ шудааст. «Айни замон ӯ дар шуъбаи эҳёгарӣ ва зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дорад», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, санҷиши хизматии доиргардида аз эҳтимол дур намедонад, ки сарбоз худаш ба сараш тир парронидааст. «Ояндаи наздик Вазорати мудофиа оид ба ин ҳодиса изҳороти расмӣ интишор мекунад», – таъкид дошт сарчашмаи хабар.

spot_imgspot_img

Популярное