Ба бонкҳо фаромӯш накардани хавфҳо зимни пешниҳоди қарзро ёдовар шуданд

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо иштироки раисони бонкҳо, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Бюрои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи амонати шахсони воқеӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Вазъи низоми бонкӣ дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015”машварати навбатии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, раиси […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо иштироки раисони бонкҳо, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Бюрои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи амонати шахсони воқеӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Вазъи низоми бонкӣ дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015”машварати навбатии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар рафти мулоқоти ҷолибу судманд изҳор намуд, ки дар соли қаблӣ меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ 3 банди фоизӣ паст ва бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ баланд карда шуда, мутаносибан дар сатҳи 2,0 ва 8,0 фоизи солона муқаррар гардиданд, дороиҳо ва ӯҳдадориҳои бонкҳо ба андозаи назаррас зиёд шуданд, афзоиши маблағгузории қарзӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар мушоҳида гардид, ҳаҷми пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ аз ҷониби онҳо афзуд.

А.Ширинов диққати иштирокдорони машваратро ба якчанд масъалаи рӯзмарраи низоми бонкӣ – пурзур намудани талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ҳангоми додани қарзҳо, рушди бозори коғазҳои қимматнок ва ташкили бозори такрории он, фоизҳои баланди қарзҳо, тавсеаи ҳамкориҳои ташкилотҳои қарзӣ бо Бюрои қарзӣ ва истифодаи бонкҳо аз маълумотҳои он, дастрасӣ ба қарзҳои хурд махсусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти кормандони бонкҳо, сатҳи пасти пешниҳоди ҳисоботҳо аз ҷониби баъзе аз ташкилотҳои қарзӣ, суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ғайра ҷалб намуд.

Барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои бонкӣ роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ дар ҷараёни суҳбат дархосту пешниҳодоти худро дар мавриди ҳалли қарзҳои проблемадор ва дидани чораҳо барои баргардонидани онҳо, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо роҳи ташкили рақобати солим дар байни бонкҳо, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, такмили қонунгузории бонкӣ, ташкили Гуруҳи корӣ барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб ва рушди минбаъдаи низомӣ бонкӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон, меъёри захираҳои ҳатмӣ ва паст кардани фоизи қарзҳо пешниҳод намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.