Зайд Саидов назди Суди олӣ шарт гузошт

Соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба Суди олии ҶТ муроҷиатнома ирсол намуда, шарт гузошт, ки мурофиаи нави судӣ оид ба баррасии парвандаи ӯ бояд ба таври кушода ҷараён гирад. Исҳоқ Табаров, адвокати соҳибкор дар ин робита иттилоъ дод, ки муроҷиатнома санаи 6-уми феврал ба унвони Суди олӣ фиристода шуд. «Дар муроҷиатномаи худ Зайд Саидов изҳор мекунад, […]

Ҳумайро Бахтиёр



Соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба Суди олии ҶТ муроҷиатнома ирсол намуда, шарт гузошт, ки мурофиаи нави судӣ оид ба баррасии парвандаи ӯ бояд ба таври кушода ҷараён гирад.

Исҳоқ Табаров, адвокати соҳибкор дар ин робита иттилоъ дод, ки муроҷиатнома санаи 6-уми феврал ба унвони Суди олӣ фиристода шуд. «Дар муроҷиатномаи худ Зайд Саидов изҳор мекунад, ки мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи «иқтисодӣ»-и ӯ бояд таври кушода дар толори суд гузаронида шавад», – иброз дошт ӯ.

Адвокат қайд кард, ки дар муроҷиатномааш Зайд Саидов зикр мекунад, ки парвандаи пешини ӯ таҳти муҳри махфӣ қарор дошт. «Парвандаи ҳозира бошад, иқтисодӣ аст ва ӯ тақозо дорад, ки зимни баррасии он ҳуқуқҳояш ва ҳамчунин ҳуқуқҳои шахсоне, ки бояд дар толори суд ҳузур дошта бошанд ва намояндагони ВАО поймол карда нашаванд», – таъкид дошт ӯ.

Табаров иттилоъ дод, ки мурофиаи баррасии парвандаи нав нисбати Зайд Саидов бояд 12 феврал оғоз шавад. «Ин парванда аз 75 ҷилд иборат буда, мутобиқи моддахои 245 ((Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 262 (Ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда), 292 (Ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ), 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ боз шудааст», – қайд кард И.Табаров.

«Зайд Саидов ният дорад, ки дар мурофиаи судии аввали ин парванда иштирок кунад, вале агар Суди олӣ шартҳои ӯро қабул накунаду мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат гирад, ӯ аз иштирок дар мурофиаҳои минбаъда даст мекашад», – афзуд адвокат.

Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.

Моҳи июли соли гузашта дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.