Эҳтимоли ҷалби волидайн ба ҷавобгарӣ барои мавҷуд набудани тарбияи экологӣ

Узви палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, директори макиаби таҳсилоти миёнаи умумӣ Гулчеҳра Ғаниева ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро пешниҳод намуд. Моҳияти тағйироту илова пешниҳоднамудаи Гулчеҳра Ғаниева дар он ифода меёбад, ки дар Тоҷикистон барои тарбияи экологии фарзандон падару модарон бояд масъулият дошта бошанд. Тавре ба «Азия-Плюс» […]

Аваз Юлдошев



Узви палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, директори макиаби таҳсилоти миёнаи умумӣ Гулчеҳра Ғаниева ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро пешниҳод намуд.

Моҳияти тағйироту илова пешниҳоднамудаи Гулчеҳра Ғаниева дар он ифода меёбад, ки дар Тоҷикистон барои тарбияи экологии фарзандон падару модарон бояд масъулият дошта бошанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ин робита хабар дод, ин тағиийроту илова айни замон дар кумитаву комиссияҳои дахлдори ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд

«Директори мактаб ин иқдоми худро бо он маънидод мекунад, ки онҳо ба ҳифзи муҳити зист, камшавии партовҳои ғайриқонунӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва тозоаву озода нигоҳ доштани шаҳру навоҳии кишвар нигаронида шудаанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки тағийроту иловаҳои зикршударо акнун вакилони даъвати нави палатаи поёнии парлумон баррасӣ хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.