Суғд: Боздошти 11 нафари гумонбар ба узвият дар гурӯҳи «Салафия»



Бино ба маълумоти маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ба гумони узвият дар созмони ифротгарои «Салафия» 11 нафар сокинони вилоят боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳ таҳти сарварии сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Қӯзибоев, ки дар яке аз кишварҳои исломӣ таълим гирифтааст, фаъолият доштаанд.

«Аъзои ин гурӯҳ дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи дастгир шуда, ҳамаи боздоштшудагон сокинони аз 25 то 35-солаи шаҳри Хуҷанд ва ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд», – гуфтанд дар раёсати ВКД.

Ба иттилои манбаъ, нисбати онҳо аз ибодаткунандагони масҷиди Сари Баланди шаҳри Хуҷанд ва Ғозиёни ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шикоят расида, аъзои ин гурӯҳ ҳангоми ибодат ба дигарон халал мерасонидаанд, зеро ибодатро ғайримаъмулӣ анҷом медодаанд. «Ҳангоми кофтукови шахсии онҳо китобҳову дискхои зиёди таблиғкунандаи ақидаи салафия дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаҳои 307, қ. 2 ва 187, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд,

гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар – Сироҷиддин Абдураҳмонов, яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён, Киромиддин Абдураҳмонов, писари ӯ ва ҳамчунин Абдураҳмон Абдураҳимов, Муҳаммадраҷаб Наврӯзов, Шаҳобиддин Саидов, Музаффар Файзуллоев ва Икромиддин Юсуфов маҳкум шуда буданд.

Аз соли 2006 бо пешниҳоди Прокуратураи генералии ҶТ 10 гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла «Ал-Қоида», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ҷамоати Таблиғ», «Толибон», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут Таҳрир» ва ғайра ба феҳристи созмону ҳаракатҳои фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон манъшуда шомил гардиданд. Аз моҳи октябри соли 2014 бо шомил гардидани ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24» шумори чунин созмонҳо дар рӯйхат афзуд.

spot_imgspot_img

Популярное