Афзоиши бекоршавии никоҳ дар чанд соли охир

Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як мақола дар нашрияи “Ҷумҳурият” аз афзоиши фоизи никоҳҳои бекоршуда нисбат ба теъдоди умумии никоҳҳои басташуда изҳори нигаронӣ кардааст. Хидирзода азҳампошии оилаҳоро дар паёмадҳои вазнини иҷтимоӣ дониста навиштааст: пеш аз ҳама, кӯдакон зарбаи сахти равонӣ дида, дар муҳити нопурраи оилавӣ […]

Аҳлиддин Салимов


Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як мақола дар нашрияи “Ҷумҳурият” аз афзоиши фоизи никоҳҳои бекоршуда нисбат ба теъдоди умумии никоҳҳои басташуда изҳори нигаронӣ кардааст.

Хидирзода азҳампошии оилаҳоро дар паёмадҳои вазнини иҷтимоӣ дониста навиштааст: пеш аз ҳама, кӯдакон зарбаи сахти равонӣ дида, дар муҳити нопурраи оилавӣ мемонанд, ки чунин муҳит хоҳу нохоҳ таъсири манфии худро ба онҳо мерасонад. Сарсонии занон ва бе ҷойи зисту воситаҳо барои рӯзгузаронӣ мондани онҳо тарафи дигари масъала аст, ки боиси даст ба дигар ҳолатҳои номатлуб задани онҳо мегарданд”.

“Таҳлили вазъ дар ин раванд нишон медиҳад, ки вайроншавии оилаҳо аз соли 2010 то имрӯз тамоюли болоравӣ дорад”, навиштааст, раиси кумита.

Ҳамчунин зимни як тадқиқот кумита муайян кардааст, ки дар бисёр ҳолат бетарафии атрофиён, сари вақт кӯмаку маслиҳат надодан боиси вайроншавии оилаҳо гаштааст: “Масалан, дар ҷавоб ба саволе, ки оё талоқ ягона роҳи халос буд, 34,5% ҷавоби мусбат дода, 59,5% пурсишшудагон ҷавоби манфӣ доданд”.  

Ӯ навиштааст, ки тадқиқот нишон дод, ки онҳо дар сари қаҳру ғазаб ин тасмимро гирифтаанд ва баъд пушаймон шудаанд.

“Раванди муҳоҷират низ таъсири худро ба пойдории оила расонидааст. Пайдошавии талоқҳои телефонӣ, солҳои дароз бе дастгирии молиявӣ гузоштани оилаҳои худ аз ҷониби мардон ва саркашӣ аз пардохти алимент баъди бекор кардани ақди никоҳ мушкилиҳое мебошанд, ки солҳои охир зиёд ба чашм мерасанд”, навиштааст Хидирзода.

Мақолаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Хонавода – мабдаи ташаккули инсон”, ки аввали моҳи феврал дар нашрияи “Ҷумҳурият” ба чоп расид, дар робита ба  аз ҷониби Президент эълон шудани соли 2015 ҳамчун «Соли оила» таҳия шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.