Ба маҷлисҳои маҳаллӣ 40 номзади ҲСТ пешбарӣ шуд

Дар маърааи интихобот ба маҷлисҳои маҳаллии ввкилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳӣ аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) 40 номзад расман ба қайд гирифта шуд. Раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои ҳар як номзади сабтшудаи ҳизб 100-тогӣ лавҳаи таблиғотӣ омода шуда, аллакай миёни интихобкунандагон тақсим карда мешаванд. «Ғайр аз […]

Аваз Юлдошев



Дар маърааи интихобот ба маҷлисҳои маҳаллии ввкилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳӣ аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) 40 номзад расман ба қайд гирифта шуд.

Раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои ҳар як номзади сабтшудаи ҳизб 100-тогӣ лавҳаи таблиғотӣ омода шуда, аллакай миёни интихобкунандагон тақсим карда мешаванд.

«Ғайр аз ин, 3 ҳазор лавҳаи таблиғотӣ бо маълумот дар бораи 6 нафар номзади ҲСТ тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ низ миёни интихобкунандагон тақсим мешавад», – иброз дошт вай.

Ба қавли раиси ҲСТ, дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 4 нафар аъзоли фаъоли ҳизб номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуда, барои онҳо 200 лавҳаи таблиғотӣ омода шудааст.

Ғаффоров таъкид дошт, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар гурӯҳҳои ихтиёриёни ҲСТ фаъолият доранд, ки ба интихобкунандагон моҳият ва бандҳои асосии барномаи пешазинтихоботии ҳизбро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.