Вохӯрии раиси ҲАТ бо интихобкунандагони Хатлон

Дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон вохӯрии ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагон баргузор гардида, Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) қайд кард, ки мақсади асосии ширкати ҲАТ дар интихоботи қарибулвуқӯъ албатта соҳиб шудан ба курсиҳои бештар дар парлумони мамлакат ва мақомоти маҳалии намояндагӣ мебошад. Тавре аз маркази матбуоти ҲАТ хабар доданд, алҳол 33 намояндаи ҲАТ ҳамчун […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон вохӯрии ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагон баргузор гардида, Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) қайд кард, ки мақсади асосии ширкати ҲАТ дар интихоботи қарибулвуқӯъ албатта соҳиб шудан ба курсиҳои бештар дар парлумони мамлакат ва мақомоти маҳалии намояндагӣ мебошад.

Тавре аз маркази матбуоти ҲАТ хабар доданд, алҳол 33 намояндаи ҲАТ ҳамчун номзад ба вакилии МН МО ҶТ, ҳамчунин 958 номзад ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба қайд гирифта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ Рустам Лафтифзода иброз доштааст ки барномаи ҲАТ аз 7 бахш иборат буда, масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ ва амнияти миллӣ, иқтисодиёт, сиёсати аграрӣ, иҷтимоиёт, ҳифзи оила, модар ва кӯдак, маънавиёт, сиёсати ҷавононро дар бар гирифта, ҲАТ ҳизби шаҳрвандоне мебошад, ки рушди Тоҷикистонро дар эҳёи деҳот ва рушди кишоварзии мамлакат мебинанд.

Гуфта мешавад, вобаста ба муҳим будани соҳаи аграрӣ дар Тоҷикистон мавсуф изҳор намудааст, ки таносуби маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ҳамавақт назаррас буд ва солҳои охир он мутаассил 21-23% -ро ташкил дода, аз дигар бахшҳои иқтисодиёт –энергетика, саноат, сохтмон, нақлиёт, хизматрасонӣ баланд аст ва бинобар ин, дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳоти кишвар самти аввалияти сиёсати давлатӣ бояд дониста шавад.  

«Дар ояндаи наздик истеҳсол ва тиҷорати маводи озуқаворӣ ба як аслиҳаи пурқудрати муносибатҳои байналмилалӣ ва воситаи муассири фишорҳои сиёсии байни давлатҳо табдил мегардад. Мисоли равшани онро дар муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Америка бо Русия ва таъсири номатлуби ин муносибатҳоро ба иқтисодиёти кишварамон мо дида истодаем», – илова намудааст Рустам Латифзода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.