Тоҷикистону ИМА дурнамои сохтмони нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ карданд

Зимни мулоқоти муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ёвари муовини котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблюм дар Душанбе масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар мулоқот тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 баррасӣ шуда, ҷонибҳо зикр карданд, ки ин лоиҳа […]

ASIA-Plus



Зимни мулоқоти муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ёвари муовини котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблюм дар Душанбе масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, дар мулоқот тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 баррасӣ шуда, ҷонибҳо зикр карданд, ки ин лоиҳа ояндадор ва сердаромад буда, иқдоми мазкур дар самти таҳкими ҳамкориҳо дар минтақа муҳиму саривақтӣ аст. «Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаи дурнамои сохтмони нерӯгоҳи Роғун табодули назар сурат гирифт», – қайд мешавад дар хабари котиботи Вазорати молияи ҶТ.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаи марбут ба таъсири таҳримҳои ҷоришуда нисбати Русия ба иқтисоди Тоҷикистон низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аҳамияти амалисозии барномаҳои пешбинишуда ва зарурати ҳамоҳангсозии муносибатҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор ва дигар созмонҳову ниҳодҳои байнулмилалиро таъкид намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.