Имтиёзҳо ба сокинони Мурғоб ҳангоми ба нафақа баромадан



Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро маъқло шуморид.

Зимни шарҳи тағйироту иловаҳо ба вакилон директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки  мутобиқи тағйироту илова, ба сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби ВМКБ зимни ба нафақа баромадан имтиёзҳо дода мешавад.

«Агар қаблан мардон – сокинони Мурғоб бо собиқаи кории 25 сол ба нафақа мебаромаданд, акнун онҳо бо собиқаи кории 20 сол ҳам ба нафақа баромада метавонанд. Занон бошанд, ба ивази 20 соли собиқаи кории қаблан таъиншуда, минбаъд бо собиқаи кории 15 сол бо нафақа таъмин мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан таъкид гардид, ки мувофиқи имтиёзҳои нав, занони Мурғоб, ки беш аз 5 фарзанд тарбия мекунанд ё кӯдаки маъюб доранд, сарфи назар аз собиқаи корӣ, дар синии 43-солагӣ ба нафақа баромада метавонанд.

spot_imgspot_img

Популярное