Имтиёзҳо ба сокинони Мурғоб ҳангоми ба нафақа баромадан

Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро маъқло шуморид. Зимни шарҳи тағйироту иловаҳо ба вакилон директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки  мутобиқи тағйироту илова, ба сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби ВМКБ зимни ба нафақа баромадан имтиёзҳо дода мешавад. […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро маъқло шуморид.

Зимни шарҳи тағйироту иловаҳо ба вакилон директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки  мутобиқи тағйироту илова, ба сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби ВМКБ зимни ба нафақа баромадан имтиёзҳо дода мешавад.

«Агар қаблан мардон – сокинони Мурғоб бо собиқаи кории 25 сол ба нафақа мебаромаданд, акнун онҳо бо собиқаи кории 20 сол ҳам ба нафақа баромада метавонанд. Занон бошанд, ба ивази 20 соли собиқаи кории қаблан таъиншуда, минбаъд бо собиқаи кории 15 сол бо нафақа таъмин мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан таъкид гардид, ки мувофиқи имтиёзҳои нав, занони Мурғоб, ки беш аз 5 фарзанд тарбия мекунанд ё кӯдаки маъюб доранд, сарфи назар аз собиқаи корӣ, дар синии 43-солагӣ ба нафақа баромада метавонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.