«Кохи Наврӯз», ки дар он рӯзҳои 11-12-уми сентябр чорабиниҳои нишасти СҲШ доир гардиданд, барои тамршо ба шаҳрвандонии қатории кишвар дастрас шуд. Дар ин бино аллакай тарабхона ва супермаркет ифтитоҳ гардида, ояндаи наздик толори саққобозӣ, дискоклуб ва кинотеатр ба фаъолият оғоз мекунанд.
Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сайфулло Амонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҶДММ «Кохи Наврӯз» ба ширкати «Инвестмент» мутааллиқ буда, аммо аз ифшои номи муассиси ин ширкат худдорӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, барои сохтмони «Кохи Наврӯз» маблағҳои буҷетӣ хароҷот нашудаанд.
Кохи Наврӯз» аз 12 толор иборат аст. Дар ин ҷо супермаркет, толори саққобозӣ (билярд), диско-клуб, кинотеатр, толори фарҳангӣ, толори қабулу зиёфат, толори сангӣ бо кандакорӣ, толори гаҷкорӣ бо оинаҳо ва ду толори қабули меҳмонони воломақом ҷойгир аст. Кох дар як вақт метавонад 3 ҳазору 200 нафар меҳмононро қабул кунад.
Корҳои ороишоти кох аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ бо услуби миллӣ анҷом дода шуда, атрофи кохро боғи сарсабз ва фаввораҳо иҳота мекунад. Баландии бинои марказӣ 46 метр буда, майдони умумии «Кохи Наврӯз» ҳудуди се гектарро ташкил медиҳад.
Нахуст ифтитоҳи «Кохи Наврӯз» соли 2012 ба нақша гирифта шуда, ҳамчун чойхона лоиҳакашӣ шуда буд, ки бояд дар минтақа чойхонаи бузургтарин маҳсуб меёфт.



