Тамошои «Кохи Наврӯз» ба шаҳрвандон дастрас шуд

«Кохи Наврӯз», ки дар он рӯзҳои 11-12-уми сентябр чорабиниҳои нишасти СҲШ доир гардиданд, барои тамршо ба шаҳрвандонии қатории кишвар дастрас шуд. Дар ин бино аллакай тарабхона ва супермаркет ифтитоҳ гардида, ояндаи наздик толори саққобозӣ, дискоклуб ва кинотеатр ба фаъолият оғоз мекунанд. Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сайфулло Амонов ба «Азия-Плюс» дар […]

ASIA-Plus



«Кохи Наврӯз», ки дар он рӯзҳои 11-12-уми сентябр чорабиниҳои нишасти СҲШ доир гардиданд, барои тамршо ба шаҳрвандонии қатории кишвар дастрас шуд. Дар ин бино аллакай тарабхона ва супермаркет ифтитоҳ гардида, ояндаи наздик толори саққобозӣ, дискоклуб ва кинотеатр ба фаъолият оғоз мекунанд.

Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сайфулло Амонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҶДММ «Кохи Наврӯз» ба ширкати «Инвестмент» мутааллиқ буда, аммо аз ифшои номи муассиси ин ширкат худдорӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, барои сохтмони «Кохи Наврӯз» маблағҳои буҷетӣ хароҷот нашудаанд.

Кохи Наврӯз» аз 12 толор иборат аст. Дар ин ҷо супермаркет, толори саққобозӣ (билярд), диско-клуб, кинотеатр, толори фарҳангӣ, толори қабулу зиёфат, толори сангӣ бо кандакорӣ, толори гаҷкорӣ бо оинаҳо ва ду толори қабули меҳмонони воломақом ҷойгир аст. Кох дар як вақт метавонад 3 ҳазору 200 нафар меҳмононро қабул кунад.

Корҳои ороишоти кох аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ бо услуби миллӣ анҷом дода шуда, атрофи кохро боғи сарсабз ва фаввораҳо иҳота мекунад. Баландии бинои марказӣ 46 метр буда, майдони умумии «Кохи Наврӯз» ҳудуди се гектарро ташкил медиҳад.

Нахуст ифтитоҳи «Кохи Наврӯз» соли 2012 ба нақша гирифта шуда, ҳамчун чойхона лоиҳакашӣ шуда буд, ки бояд дар минтақа чойхонаи бузургтарин маҳсуб меёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.