Президент раҳбарияти сохторҳои динии назди ҳукуматро иваз намуд



Собиқ ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Сулаймон Давлатов раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Қобили зикр аст, ки раиси пешини Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқзода ва раиси Маркази исломшиносии назди президенти ҶТ Муродулло Давлатов аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзад ба вакилӣ пешбарӣ шуданд.

Тоҷиддин Асомуддинзода, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ ифои вазифа мекард, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон таъин гардид.

Бобоев Файзулло директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное