Президент раҳбарияти сохторҳои динии назди ҳукуматро иваз намуд

Собиқ ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Сулаймон Давлатов раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Қобили зикр аст, ки раиси пешини Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқзода ва раиси Маркази исломшиносии назди президенти ҶТ Муродулло Давлатов аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзад ба вакилӣ пешбарӣ […]

ASIA-Plus



Собиқ ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Сулаймон Давлатов раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Қобили зикр аст, ки раиси пешини Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқзода ва раиси Маркази исломшиносии назди президенти ҶТ Муродулло Давлатов аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзад ба вакилӣ пешбарӣ шуданд.

Тоҷиддин Асомуддинзода, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ ифои вазифа мекард, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон таъин гардид.

Бобоев Файзулло директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.